Дар чор моҳ зиёда аз 10 килограмм маводи нашъаовар аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук мусодира карда шуд

Июнь 1, 2016 11:28

Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 моҳи соли 2016  1  ҳолати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, ба миқдори умумии 10 килограмму 226 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш мусодира карда шудааст.
Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар соли 2015  8 ҳолати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор карда шуда, зиёда аз 150 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардид.
Ҳамзамон 1 ҳолати воридоти ғайриқонунии прекурсорҳои навъи кислотаи сулфат ба миқдори 33 тоннаву 360 килограмм ошкор карда шуд.
Чанде пеш дар бухории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беш аз 374 килограмм маводи нашъаовар аз рӯи 31 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбат ба онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуданд.
Бояд зикр кард, ки маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира гардиданд.

Июнь 1, 2016 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад