Дар Деваштич озмунҳои «Маҳаллаи обод» ва «Оилаи намунавӣ» ҷамъбаст гардиданд
Деваштич, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич озмунҳои «Маҳаллаи обод» ва «Оилаи намунавӣ» ҷамъбаст гардиданд.
Ҳар як иштирокчии озмун кӯшиш ба харҷ дод, ки бо истифода аз тамоми урфу анъанаҳои беназири миллӣ, роҳандозии тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ дар озмуни мазкур сарбаландона ширкат варзида, намунаи ибрат барои дигарон бошад.
Дар озмуни «Оилаи намунавӣ» оилаи Фаррух Нуруллоев сарбаландӣ ба даст оварда, шарафи яке аз хонаводаҳои беҳтарину номиро дар ноҳия ҳимоят намуд.
Дар озмуни «Маҳаллаи обод» маҳаллаи Гулбоғи ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ҳамчун маҳаллаи обод баҳогузорӣ гардид.
Инчунин дар чорабинии мазкур дар муассисаи томактабии рақами 3-и маҳаллаи Гулбоғ маросими ифтитоҳи толори баргузории чорабиниҳо доир шуд, ки ин боз як дастоварди тарбиятгирандагон ва сокинони маҳалла мебошад. Барномаи рангини фарҳангию адабӣ аз ҷониби кӯдакон ба ҳусни чорабинӣ шукӯҳи бештар зам кард.













Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






