Дар Деваштич Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта шуд
Деваштич, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи навбунёди марказии ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашни идонаи бошукӯҳ баргузор шуд.
Раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода тамоми кӯдакону наврасонро табрик намуда, оид ба сифати таълиму тарбия, таъмини ҳуқуқ, ҳимоя ва беҳдошти саломатии кӯдакон самтҳои пешгирифтаи афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.
Дастгирии Ҳукумат, ташкилоту корхонаҳо ва шахсони саховатмандро нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб, оилаҳои камбизоат зикр карда, ба мудирону мураббияҳои кӯдакистонҳо ва кӯдакони фаъол Ифтихорномаю туҳфаҳои идона тақдим намуд.
Баҳри болидахотирии кӯдакон барномаҳои фарҳангию фароғатии омодакардаи худи наврасон бо шукӯҳу шаҳомати хосса манзури ҳамагон гардиданд.
Дар ноҳия барои баланд бардоштани завқи кӯдакон озмуну маҳфилҳои «Шукуфаҳои Истиқлол», «Мо бачагони хушбахт», «Бонучаи сол», «Мо толиби сулҳем» ва «Мусаввири ҷавон» гузаронида шуданд.












Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






