Дар Душанбе мусобиқаи шоҳмотбозӣ байни шатранҷбозони дорои имконияти маҳдуд баргузор шуд
Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар шаҳри Душанбе мусобиқаи шоҳмот байни шатранҷбозони дорои имконияти маҳдуд баргузор шуд. Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аъзои маҳфили шоҳмотбозони муассисаи мазкур, маркази марбутаи шаҳри Душанбе, намояндагони Федератсияи шоҳмот ва шахсони алоҳида гирд омада, бо ҳам дар ин намуди варзиши зеҳнию фикрӣ қувва озмуданд.
Мусобиқа бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт», Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмот роҳандозӣ гардид.
Яке аз иштирокчиёни фаъоли ин мусобиқа Мубориз Одинаев иброз дошт, ки ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майлу рағбати маро ба шатранҷбозӣ бештар намуд, чаро ки Сарвари давлат бо эътимоди комил ба ман рӯ оварду гуфт: «Ба варзиш машғул шав! Бовар дорам, ки ҳатман муваффақ мешавӣ!» Ҳадаф аз баргузории чорабиниро масъулин ҷалби ҳарчи бештари намояндагони қишри мазкури ҷомеа ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ба вижа шоҳмот ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим маънидод намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






