Дар Душанбе мусобиқаи шоҳмотбозӣ байни шатранҷбозони дорои имконияти маҳдуд баргузор шуд

Июнь 2, 2016 10:44

Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар шаҳри Душанбе мусобиқаи шоҳмот байни шатранҷбозони дорои имконияти маҳдуд баргузор шуд. Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аъзои маҳфили шоҳмотбозони муассисаи мазкур, маркази марбутаи шаҳри Душанбе, намояндагони Федератсияи шоҳмот ва шахсони алоҳида гирд омада, бо ҳам дар ин намуди варзиши зеҳнию фикрӣ қувва озмуданд.
Мусобиқа бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт», Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмот роҳандозӣ гардид.
Яке аз иштирокчиёни фаъоли ин мусобиқа Мубориз Одинаев иброз дошт, ки ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майлу рағбати маро ба шатранҷбозӣ бештар намуд, чаро ки Сарвари давлат бо эътимоди комил ба ман рӯ оварду гуфт: «Ба варзиш машғул шав! Бовар дорам, ки ҳатман муваффақ мешавӣ!» Ҳадаф аз баргузории  чорабиниро масъулин ҷалби ҳарчи бештари намояндагони қишри мазкури ҷомеа ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ба вижа шоҳмот ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим маънидод намуданд.

Июнь 2, 2016 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард