Дар Файзобод Рӯзи Ваҳдати миллиро ботантана таҷлил доранд

Июнь 27, 2016 09:34

Файзобод, 27.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бо иштироки раиси ноҳия, фаъолон, собиқадорон, ҷавонон ва меҳмонон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ сокинони ноҳияро бо ин иди бузург таҳният гуфта, барояшон рӯзгори хубу ором ва пойдории Ваҳдати миллиро тамано карда, ба 4 нафар шахсони  хизматнишондодаи ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ҳамчунин дар боғи фарҳангии ноҳия бахшида ба ин санаи тақдирсоз намоиши либосҳои мактабӣ ва сайри оммавӣ баргузор мегардад ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия консертӣ идонаро пешкаши иштирокдорон мегардонанд.

Июнь 27, 2016 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад