Дар Филармония Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Истиқлол» баргузор мегардад

Июнь 1, 2016 16:30

Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми имрӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев консерти даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Истиқлол» баргузор мегардад.
Тавре корманди масъули Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон Нуралӣ Шоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар консерт беҳтарин ҳунармандони шаҳру навоҳии кишвар, ки дар давраҳои якуму дуюм ҷойҳои аввалро гирифтаанд, иштирок хоҳанд кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар консерти имрӯза ҳунармандони шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Конибодом, ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Нуробод, Роғун, Дарвоз ва Ҷаббор Расулов бо иҷрои навозиш, суруди якка ва умумӣ, рақси якка ва умумӣ қувваозмоӣ менамоянд.

Июнь 1, 2016 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад