Дар Хуҷанд ҷараёни Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баррасӣ шуд
Душанбе, 7.6.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар мамлакат мутобиқ ба Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаву оилаи намунавӣ эълон шудааст.
Барои муайян намудани беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаву оилаи намунавӣ дар минтақаҳои вилояти Суғд даври аввали озмуни мазкур гузаронида шуда, беҳтаринҳо имкони иштирок дар даври вилоятиро пайдо намуданд.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи ситоди вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, ки дар он муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаидзод Ҳаким Саид, муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ва аъзои ситоди вилоятӣ иштирок намуда, масоили марбут ба озмунро баррасӣ намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






