Дар Хуҷанд боз 16 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштанд

Июнь 2, 2016 10:33

Душанбе, 2.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази савдои «Хуршед плюс» ба истифода дода шуд.
Ин маркази савдо давоми як сол ба маблағи бештар аз якуним миллион сомонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмониро ширкати сохтмонии «Фламинго» ба анҷом расонидааст.
Бинои   маркази савдои навбунёд аз 5 ошёна иборат буда, даҳ ҳуҷраи истиқоматиро дар бар мегирад. Дар баробари ин 16 нафар сокинони маҳаллӣ дар ин марказ  бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Июнь 2, 2016 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад