Дар Кӯлоб лагерҳои тобистонаи мактаббачагон таъсис дода шуданд
Кӯлоб, 23. 06. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи Кӯлоб бо дастгирии шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ лагерҳои истироҳатии фароғатӣ ва таълими беҳдоштӣ ташкил карда шуда, дар даври аввал хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар онҳо ҷалб карда мешаванд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 имтиҳони давлатии хатмкунандагон идома дошта, ҳамзамон 100 нафар мактаббачагон ба лагер фаро гирифта шудаанд.
Тавре ки Шарофиддин Сайдалиев, ҷонишини директори МТМУ №29 иброз дошт, роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 39 низ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон басти аввали лагери фароғатӣ-истироҳатиро барои муҳассилини муассисаи мазкур оғоз карданд. Дар ин лагер мактаббачагон дар баробари истироҳату фароғат, ба бозиҳои варзишӣ ва таълими иловагӣ фаро гирифта мешаванд. Соҳибкорони маҳаллӣ маводи хӯрокии истироҳаткунандагонро ба уҳда гирифта, ҳамарӯза барои мактаббачагон анвои гуногуни хӯроворӣ дастрас менамоянд.
Шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб дар ихтиёри худ лагери беруназшаҳрӣ дорад, ки ҳамасола дар таътили тобистона он дар се баст фаъолият менамояд. Чунин лагерҳои истироҳатӣ дар таътили тобистонаи мактаббачагон қариб дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ташкил карда мешаванд, ки чоряки мактаббачагони шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар онҳо истироҳат мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






