Дар Маскав ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор мешавад

Июнь 11, 2016 11:48

Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар Маскав ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар дод.
Дар кори Шӯро раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок менамояд.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа масоили татбиқи Консепсияи ҳамкории ҳарбии кишварҳои иштирокдори ИДМ то соли 2020, таҳияи лоиҳаи Консепсияи мудофиаи ҳавоӣ-кайҳонии кишварҳои иштирокдори ИДМ ва омодагию баргузории Бозиҳои байналмилалии ҳарбӣ  2016 матраҳ гарданд.
Аъзои Шӯро фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масоили таълими ҳарбии назди Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ ва ҳамкории хадамоти ҳифзи сирри (асрори)  давлатии Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳодро муҳокима мекунанд.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа ҳамчунин фаъолияти муштараки Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои иштирокдори ИДМ барои соли 2017 ва тадбирҳо оид ба рушди ҳамкории сохторҳои мудофиавӣ дар бахши назорат ва арзёбии муҳити радиологӣ, кимиёӣ ва биологӣ ба нақша гирифта шаванд.
Ба заминаи ҳуқуқии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва вазъи бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар соли 2015 баҳо дода мешавад.
Илова бар ин, аъзои Шӯро санадҳои танзимкунандаи фаъолияти Кумитаи сардорони ситодҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои иштирокдори ИДМ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалиро дар Қувваҳои мусаллаҳ то соли 2020 қабул мекунанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин як зумра қарорҳо оид ба масоили молиявӣ ва кадрӣ қабул карда мешаванд.

Июнь 11, 2016 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид