Дар ноҳияи Лахш ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба даври минтақавӣ пешниҳод гардиданд

Июнь 9, 2016 10:22

Лахш, 9.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавиро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор намуд. Дар доираи баргузории чорабинии мазкур ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, деҳаю ташкилотҳо ва оилаҳою корхонаҳо вазифадор карда шудаанд, ки ба эҳёву рушди анъанаҳои миллӣ ва ободу зебо намудани маҳаллаҳои аҳолинишин диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар ноҳия марҳилаи ноҳиявии Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр ҷамъбаст гардид, ки дар ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ хонаи Аброр Шомуродов, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ҷиргатол ва оилаи Тоҷиддин Зуҳуров, сокини  ҷамоати шаҳраки Ваҳдат намунавӣ дониста шуданд.
Инчунин деҳаи Қушағбаи ҷамоати деҳоти Сурхоб ва ҷамоати деҳоти Пилдон сазовори ҷойи беҳтарин ва ба даври минтақавӣ пешниҳод гардиданд.

Июнь 9, 2016 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид