Дар ноҳияи Лахш ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба даври минтақавӣ пешниҳод гардиданд
Лахш, 9.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавиро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор намуд. Дар доираи баргузории чорабинии мазкур ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, деҳаю ташкилотҳо ва оилаҳою корхонаҳо вазифадор карда шудаанд, ки ба эҳёву рушди анъанаҳои миллӣ ва ободу зебо намудани маҳаллаҳои аҳолинишин диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар ноҳия марҳилаи ноҳиявии Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр ҷамъбаст гардид, ки дар ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ хонаи Аброр Шомуродов, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ҷиргатол ва оилаи Тоҷиддин Зуҳуров, сокини ҷамоати шаҳраки Ваҳдат намунавӣ дониста шуданд.
Инчунин деҳаи Қушағбаи ҷамоати деҳоти Сурхоб ва ҷамоати деҳоти Пилдон сазовори ҷойи беҳтарин ва ба даври минтақавӣ пешниҳод гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






