Дар ноҳияи Рашт биноҳои нав ба истифода дода шуданд

Июнь 30, 2016 09:39

Рашт, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 19-солагии иди Ваҳдати миллӣ бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт, ки дар деҳаи Белгӣ ҷойгир аст, бо иштироки масъулини ноҳия ва сокинону фаъолони ҷамоат бо тантана мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷра ва маҷлисгоҳ мебошад. Инчунин ҳуҷраҳои бино бо таҷҳизоти замонавӣ ва таҷҳизоти гармидиҳӣ таъмин мебошанд.
Тибқи иттилои сармеъмори ноҳия Баҳром Саъдуллоев бинои кӯҳнаи ҷамоати деҳоти Қалъанак аз солҳои 70-ум боқӣ монда, айни замон садамавӣ мебошад. Аз ин хотир бинои маъмурии ҷамоати мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия бо маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

Июнь 30, 2016 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе