Дар ноҳияи Шоҳмансур мусобиқаи таэквон-до ВТФ доир шуд
Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мусобиқаи таэквон-до ВТФ-ро бо шиори «Ҷавонон пайрави пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд, ки ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Дар мусобиқа наздики 50 нафар варзишгарони наврас, ҷавонон, ҳаводорону алоқамандони таэквондо ВТФ иштирок доштанд ва барои касби ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат намуданд.
Ҳадафи аслии баргузории мусобиқаро созмондиҳандагони он мусоидат ба рушди малака ва маҳорати варзишгарони ҷавон, пешгирӣ аз гароиши онҳо ба ҳаракат ва созмонҳои номатлуб унвон карданд.
Дар поёни мусобиқа ба ғолибон медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур супорида шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






