Дар Новосибирск маркази савдои «Олами либосу пойафзол» ба фаъолият оғоз кард

Июнь 18, 2016 09:06

Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Новосибирск бо ибтикори соҳибкори тоҷик Раҳимҷон Бобоҷонов  маркази савдо бо номи «Олами либосу пойафзол» ба фаъолият оғоз кард. Лозим ба зикр аст, ки дар силсиламарказҳои бузурги савдои «Олами либосу пойафзол» садҳо ҳамватанонамон бо ҷои кору маоши хуб ва шароити хуби корӣ таъминанд, ки аз дарки баланди ватандӯстии  Р. Бобоҷонов дарак медиҳад.
Раҳимҷон Бобоҷонов аз ҳисоби даромади софи меҳнатиаш пайваста барои мактаб-интернатҳо ва оилаҳои ниёзманди Тоҷикистон кумаки хайриявӣ мерасонад.  Бо ибтикори оилаи Бобоҷоновҳо дар мавзеи Рашт зиёда аз 30 км роҳ мумфарш гардида, пули вайроншуда аз нав таъмир ва барои истифода омода карда шуд.

Садбарг Боқиева, Новосибирск, ФР.

Июнь 18, 2016 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад