Дар Прокуратураи генералӣ ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва «Дар бораи милитсия» баррасӣ гардид

Июнь 14, 2016 17:20

Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки  дар кори  он  масъулини вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, раисони як зумра ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони масъули Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»,  «Дар бораи милитсия»,  вазъи баррасии аризаю иттилоот оид ба  ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ  ва дахлнопазирии ҷинсӣ, сабабҳои содиршавии ин ҷиноятҳо нисбат ба хурдсолону ноболиғон ва чораҳои пешгирии онҳо,  ҳолати иҷрои  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти нозирони минтақавии мақомоти корҳои дохилиро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм ба танзим медароранд,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯи ин масъалаҳо гузориши  сардорони раёсатҳои марбутаи Прокуратураи генералӣ ва масъулини сохторҳои дахлдори вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шунида шуда, натиҷаи фаъолияти онҳо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба таҳлилу арзёбӣ гардид.
Бо қарори ҳайати мушовара дар Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, ба роҳбарону масъулони вазорату идораҳо тавсияҳои судманд дода шуданд.

Июнь 14, 2016 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад