Дар Прокуратураи генералӣ ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва «Дар бораи милитсия» баррасӣ гардид
Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он масъулини вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, раисони як зумра ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони масъули Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи милитсия», вазъи баррасии аризаю иттилоот оид ба ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, сабабҳои содиршавии ин ҷиноятҳо нисбат ба хурдсолону ноболиғон ва чораҳои пешгирии онҳо, ҳолати иҷрои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти нозирони минтақавии мақомоти корҳои дохилиро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм ба танзим медароранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯи ин масъалаҳо гузориши сардорони раёсатҳои марбутаи Прокуратураи генералӣ ва масъулини сохторҳои дахлдори вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шунида шуда, натиҷаи фаъолияти онҳо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба таҳлилу арзёбӣ гардид.
Бо қарори ҳайати мушовара дар Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, ба роҳбарону масъулони вазорату идораҳо тавсияҳои судманд дода шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






