Дар шаҳри Гулистон ҳамшираи беҳтарини тиббӣ муайян гардид
Душанбе, 15.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Соли фарди солим», ки имсол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эълон шудааст, дар шаҳри Гулистон озмуни «Ҳамшираи беҳтарини тиб» баргузор шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар шаҳри Гулистон хабар доданд, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи тиб доир шуда, дар он 10 нафар ғолибони даври аввал иштирок намуданд.
Иштирокдорони озмун аз рӯи чор шарт малакаву маҳорати худро дар ҳузури ҳакамон ба намоиш гузоштанд. Дар натиҷа ҷои аввалро Барно Холова соҳиб шуд. Ҷойҳои дуввуму сеюмро Нодир Неъматзода ва Шифо Мамадқулова соҳиб гаштанд.
Зимнан дар шаҳри Гулистон 22 муассисаи тиббӣ мавҷуд буда, дар онҳо 105 нафар духтурон ва 276 нафар ҳамшираҳои шафқат фаъолият мебаранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






