Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаҳои гуногун доир шуданд

Июнь 29, 2016 16:22

Душанбе, 29.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардиданд, ки дар ин тадбирҳои варзишӣ шумораи зиёди наврасону ҷавонон ва машқварзони клубу мактабҳои варзишии шаҳр ҷалб гардиданд. Айни замон дар шаҳри Кӯлоб аз рӯи зиёда аз 15 намуди варзиш наврасону ҷавонон ба тамрин, обутоби бадан ва солимгардонии хеш машғуланд.
Дар доираи баргузории ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ идома дорад. Мусобиқаҳо аз рўи намудҳои гуногуни гӯштин, варзиши сабук, баскетболу волейбол ва футболи хурд гузаронида шуданд, ки ба иттилои дастандаркорон дар онҳо зиёда аз 4 ҳазор варзишгарону машқварзон ширкат намуданд.
Ҳамаи иштирокдорони мусобиқаҳо, хосса ғолибону беҳтаринҳо бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Июнь 29, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард