Дар Суғд Иди зардолу баргузор гардид
Душанбе, 21.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Иди зардолу ва Фестивали гулҳо бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, мардум аз намудҳои гуногуни зардолу: бобоӣ, мирсанҷилӣ, ниёзӣ, арзамӣ, қандак, шоҳона, хурмоӣ, субҳонӣ, аҳмадӣ, исфарагӣ, тоҷибойӣ, ӯчма, пайвандӣ, нишонӣ, моҳтобӣ, ширпайванд, кошифӣ ва ғайра харидорӣ мекарданду аз боби шаҳду набот будани онҳо сухан мегуфтанд. Агар боғдорони шаҳру ноҳияҳои Исфараю Бобоҷон Fафуров ва Конибодому Ашт, Ҷаббор Расулову Спитамен зардолуҳои хуштамъро пешкаши мардум гардонда бошанд, асалпарварон асали тозаи гули зардолу ва панҷакентиён нӯшобаву зардолуобро ба мардум манзур карданд.
Ҳунармандони асили қаламрави вилоят намунаи кори хеш, аз қабили кандакориву чўбкорӣ, гулдўзӣ, нонпазӣ, расмкашиву ороишгарӣ ва дигар маҳсули ҳунарҳои миллиро, ки бо завқи баланди эҷодӣ ба иҷро расонида шуда буд, манзури тамошобинону харидорон гардониданд. Сол ба сол соҳаи боғдорӣ, алалхусус, истеҳсолу коркард ва содироти меваҳои мухталиф, аз ҷумла зардолупарварӣ рушд ёфта, аз ҷониби роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вилоят ба он таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.
Дар чорабинии Иди зардолу асосан чаҳор шаҳру навоҳии зардолупарвар: Исфараю Конибодом, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 20 тонна маҳсулоти хешро барои намоиш ва фурўш пешкаш намуданд.
Дар ин рўз деҳқонони меҳнатқарин оғоз аз парвариши дарахти зардолу, чидану хушк кардан, банду баст ва анвои коркарди истеҳсоли консервии онро ба намоиш гузошта, бо нархҳои қариб 40-50 фоиз нисбат ба бозор арзон ба сокинон ва меҳмонони вилоят дастрас гардониданд.
Дар чорабинии бошукўҳ раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соҳаи зардолупарвариро аз соҳоти афзалиятноку сердаромад арзёбӣ намуда, ба масъулин дар ҷодаи боз ҳам зиёд намудани масоҳати боғот, коркард ва содироти меваҷот дастуру супоришҳо дод.
Дар Иди зардолу боғдорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи аввал, диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, кишоварзони шаҳри Конибодом лоиқи ҷойи дуюм ва мукофотпулии 5 ҳазор сомонӣ шуда, исфарагиён мақоми сеюмро ишғол намуда, 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ насибашон гардид.
Боғдорони ноҳияи Ашт низ аз мукофоти ҳавасмандӣ бенасиб намонда, ҳамчун иштирокчии фаъоли фестивали мазкур соҳиби диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






