Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дарсҳо ба анҷом расиданд

Июнь 7, 2016 11:21

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 7 июн дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ машғулиятҳои таълимӣ ба анҷом расиданд.
Тавре ки котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсони Хушбахт ба АМИТ Ховар хабар дод, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми ҶТ баргузории аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 8 июн то 14 июни соли 2016, аттестатсияи хатми синфҳои 9 аз 9 то 21 июни соли 2016 ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 8 то 24 июни соли 2016 дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин тибқи фармоиши мазкур сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷадвали аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таҳсилоти умумиро як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия тасдиқ намуда, муҳлати гузаронидани аттестатсияи такрорӣ (тобистона)-ро дар моҳи август муайян намоянд,-илова намуд Эҳсони Хушбахт.

Июнь 7, 2016 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд