Дар Вазорати мудофиа натиҷаҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ гардиданд
Душанбе, 15.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи ҷинояту риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, хулосаи санҷиши аттестатсионии кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ дар ҷамъомаде, ки таҳти роҳбарии вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо доир гардид, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, иштирокдорони ҷамъомад вобаста ба амру супоришҳо ва фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ташкилу баргузории чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ мансубанд, сухан гуфта, ин маъракаи муҳими сиёсиро дар моҳҳои апрел ва майи соли равон таҳлилу баррасӣ карда, вобаста ба монеаю мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд.
Бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта баҳри дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои минбаъдаи даъватӣ, иштирокдорони ҷамъомад ва масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.
Дар ҷараёни муҳокимаи масъалаҳои соҳавӣ вазири мудофиаи мамлакат вазъи кунунии кишварҳои Осиёи миёна ва баъзе аз давлатҳои ҷаҳонро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода, ба комиссарони ҳарбӣ таъкид кард, ки дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ доимо ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо дигар сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, бахусус бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақае, ки фаъолият менамоянд, ҳамкориро боз ҳам қавитар гардонанд.
Дар охири ҷамъомади мазкур, бо фармони вазири мудофиа комиссарони ҳарбие, ки фаъолияти назаррас доранду ин маъракаи муҳими сиёсӣ ё худ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидаанд, бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуда, нисбат ба чанд нафар аз комиссарон ва кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, ки баръакс дар ташкили ин чорабинии муҳим хунукназарӣ зоҳир карда, ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ доданд, ҷазоҳои интизомӣ татбиқ намуданд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






