Дарёфт намудани зиёда аз 32 кило бангдонаи худрӯй
Душанбе, 7.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» 6 июн аз ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Холматови ноҳияи Б.Ғафуров ба миқдори 11 ҳазор бех ниҳолҳои худрӯйи бангдона дарёфт карда шуданд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, мувофиқи маълумотномаи ташхисӣ ниҳолҳои дарёфтшуда, намуди бангдонаи худрӯй буда, вазнашон 18 килою 830 граммро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ин рӯз, ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» аз ҳудуди заминҳои ба номи С.Урунхуҷаеви ноҳияи Б.Ғафуров ба миқдори 3 ҳазору 470 бех ниҳолҳои худрӯйи бангдона дарёфт гардиданд, ки вазнашон 14 килою 145 граммро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, вазни ниҳолҳои нашъадори дарёфтшуда 32 килою 975 граммро дар бар мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






