Дарёфти зиёда аз 2 кило симоб аз сокини Душанбе
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ Ховар/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар кӯчаи Телмони шаҳри Душанбе, марди 39-солаи сокини кӯчаи мазкур ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи радиоктивӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили пакети полиэтилении номбурда мувофиқи маълумотномаи Раёсати Институти илмию-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 2 килою 617 грамм моеъи симоб дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






