Дастаҳои мунтахаби Мексика ва Венесуэла пеш аз муҳлат ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Амрико-2016 баромаданд
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар гурӯҳи «С»-и бозиҳои ниҳоии Ҷоми Амрико баъди ғалабаи дастаи мунтахаби Венесуэла бар Уругвай(0:1) ва Мексика бар Ямайка(2:0) ҷидду ҷаҳд барои роҳхат ба бозиҳои плей-офф дар ин гурӯҳ барҳам хӯрд. Новобаста ба бозиҳои даври сеюм Мексика ва Венесуэла бо касби 6 имтиёз ба даври бозиҳои плей-офф роҳхат гирифтанд. Дастаи мунтахаби Уругвай, ки даъвогари асосӣ барои ҷои аввал дар ин гурӯҳ буд, дар бозии аввал аз Мексика бо натиҷаи 3:1 шикаст хӯрд. Дар бозии дуввум бо Венесуэла ҳам ягона голи задаи Саломон Рондон дастаи мунтахаби Уругвайро бори аввал дар таърихи бозиҳои Ҷоми Амрико аз бозиҳои даври гурӯҳӣ дар канор кард. Акнун вохӯрии футболбозони Мексика ва Венесуэла 14 июн ғолиби гурӯҳро муайян мекунад.
Субҳи рӯзи дигар аз гурӯҳи «Д» дастаҳои Чилӣ бо Боливия ва Аргентина бо Панама вориди майдон мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд






