Дастаи «Душанбе- 2» дар Хоруғ мақоми аввалро гирифт
Хоруғ, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар қасри варзишии шаҳри Хоруғ дар давоми чаҳор рӯз панҷ дастаи беҳтарини ҷумҳурӣ аз намуди волейбол барои гирифтани унвони қаҳрамонии кишвар байни худ рақобат намуданд. Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ Расо Раҷабов гуфт, ки ин мусобиқа дар доираи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ гузаронида шуд ва дар он ду тим аз пойтахти ҷумҳурӣ, дастаҳо аз вилояти Суғду Бадахшон ширкат доштанд. Дастаи «Душанбе- 2» аз аввали сабқат аз худ маҳорату малакаи хуб нишон дод ва ҳамаи рақибони худро шикаст дод. Тими мунтахаби «Бадахшон», ки бештар аз 10 маротиба унвони қаҳрамониро дар ин намуди варзиш ба худ ихтисос дода буд, ин дафъа дар баробари дастаи «Душанбе 2» мағлуб гардид.
Ҳамин тавр, дастаи «Душанбе 2» дар садри ҷадвали сабқат ҷо гирифт ва дастаҳои «Бадахшон»-у «Душанбе 1» мақомҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибон бо медал ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ сарфароз гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






