Дастаи мунтахаби Амрико ба бозии нимниҳоии Ҷоми Амрико-2016 роҳхат гирифт

Июнь 17, 2016 11:45

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар аввалин бозии ¼- ниҳоии Ҷоми Амрико-2016 дастаи мунтахаби Амрико дар баробари Эквадор дар варзишгоҳи «Сэнчури Линк Филд» ба майдон омада, бо натиҷаи 2:1 ғалаба кард ва аввалин шуда, роҳхатро ба бозиҳои нимниҳоӣ ба даст овард. Бешубҳа, қаҳрамони ин вохӯрӣ Клинт Демси гардид, ки дар дақиқаи 22 таҳаввулотро дар бозӣ гузошта, бо голи задааш мизбонони Ҷоми Амрико-2016-ро ба сафи пеш баровард.
Клинт Демси муҳаррики хати ҳуҷуми дастаи мунтахаби Амрико ба ҳисоб рафта, дар силсилаи ин бозиҳо дар 4 вохӯрӣ муаллифи се гол шудааст.  Голи дуввуми амрикоиҳоро Гяси Зардес дар дақиқаи 65 ба самар расонд. Ба Майкл Арройо муяссар гардид, ки голи ягонаи  Эвадорро вориди дарвозаи Бред Гузан намояд.
Субҳи дигар дастаҳои мунтахаби Перу бо Колумбия вориди сабқат мешаванд.

Июнь 17, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд