Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими мунтахаби олимпии Қирғизистон бозӣ мекунад
Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони 19- солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими мунтахаби олимпии Қирғизистон (U-21) бозии рафиқона анҷом медиҳад.
Ин дидор 12 июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Бозии рафиқона бо тими футболи мунтахаби олимпии Қирғизистон барои футболбозони ҷавони мо як таҷрибаи хубест, ки ҷиҳати омодагӣ ба даври финалии Чемпионати Осиё-2016 аз 13 то 30 октябри соли равон дар Баҳрайн баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқаи қитъавӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шомили гурӯҳи «Д» мебошад ва рақибони дастаи мунтахаби мо тимҳои Узбекистон, Чин ва Австралияанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






