Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол ба Чин сафар кард
Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид оид ба футбол дар яке аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат менамояд.
Дастаи футболи мунтахаби ҷавонони кишварро сармураббии он Зайниддин Раҳимов барои ширкат дар ин мусобиқоти пурнуфуз ҷиддан омода намудааст.
Ин мусобиқаи байналмилалӣ аз 11-ум то 15-уми моҳи июни соли равон дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркманистон ширкат меварзанд.
Рақобатҳо дар як марҳилаи даврӣ баргузор мегарданд, яъне ҳар як даста бо ҳамдигар дидор анҷом медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






