Дастаи мунтахаби Фаронса ба даври плей-офф баромад

Июнь 17, 2016 11:26

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи мунтахаби миллии Фаронса бо ҳисоби 2:0 бар тими  мунтахаби Албания пирӯз шуду аввалин шуда, ба даври плей-офф баромад. Дидори ин тимҳои миллӣ дар доираи бозиҳои даври дуюми гурӯҳи А дар Чемпионати Аврупо сурат гирифт. Фаронсавиҳо дар ин дидор бозии хеле мушкил анҷом доданд. То охири бозӣ ҳеҷ натавонистанд хати дифои албаниҳоро рахна созанду ҳисобро кушоянд. Ниҳоят дар дақиқаи 90-уми дидор ҳамлагари бошгоҳи «Атлетико Мадрид» ва мунтахаби Фаронса Антуан Гризманн тавонист бо зарбаи аниқу дақиқи худ тӯбро таслими дарвозаи албаниҳо созаду ҳисобро кушояд.Ҳама гумон мекарданд, ки голи задаи Антуан Гризманн ягона голи ин дидор хоҳад буд, вале ин тахминҳоро Дмитри Пайе барҳам зад. Дар дақиқаҳои иловагӣ ин муҳофизатгари бошгоҳи «Вест Хэм Юнайтед» голи дуюми  мунтахаби Фаронсаро вориди дарвозаи Албания намуд. Ин ғолибият ба дастпарварони Дидйе Дешама имкон фароҳам овард, то бо 6 имтиёз ба даври бозиҳои плей-офф бароянд.
Тими мунтахаби Албания ягон имтиёз ба даст наовардааст.  Ду тими дигари гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Шветсия дар хазинаи худ дар Евро-2016 айни ҳол 4 имтиёз дораду тими мунтахаби Руминия 1 имтиёз.
Фаронсавиҳои соҳиби майдон дидори ояндаи худро бо тими мунтахаби миллии Швейтсария 19-уми июн анҷом хоҳанд дод. Худи ҳамон рӯз тими мунтахаби миллии Албания бо мунтахаби Руминия сабқат мекунад.

Июнь 17, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд