Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз шаҳри Бухарест бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ бармегарданд

Июнь 28, 2016 14:48

Душанбе, 28.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон   дар олимпиадаи наврасони то синни 15, ки дар шаҳри Бухарест доир гардид, ба дастоварди беназир  ноил шуданд.
Ҳамаи 6 нафар аъзои даста сазовори медал гардида, дар ҷамъбасти дастаҳо бо 104 хол  аз дастаҳои Фаронса (75 хол), Индонезия (88 хол), Юнон (89 хол), Озарбойҷон (74 хол), Туркманистон (41 хол), Арабистони Саудӣ (93 хол)  ва чандин кишварҳои дигар  боло гузаштанд.
Ба ҳайати даста 6 нафар- Фаридун, Алиакбар, Азиз (синфҳои 8), Сунатулло -синфи 9 аз Литсей- интернати тоҷикию русии «Ҳотам ва ПВ», Шукрона Холова ва Таҳмурас Абдурашидов, хонандагони синфҳои 9-и Литсеи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ғолибони олимпиадаи интихобӣ бо иштироки зиёда аз 150 нафар наврасон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон шомил буданд.
Сунатулло бо 32 хол сазовори медали тилло, Шукрона бо 22 хол сазовори медали нуқра, Наиҷо бо 17 хол, Фаридун бо 14 хол, Алиакбар бо 13 хол ва Таҳмурас бо 6 хол сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Июнь 28, 2016 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст