Дастаи мунтахаби Олмон бозиҳои «Евро-2016»-ро бо ғалаба оғоз кард

Июнь 13, 2016 15:44

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар аввалин бозии гурӯҳи «С» чемпионҳои феълии ҷаҳон- футболбозони дастаи мунтахаби Олмон бо тими мунтахаби Украина вохӯрда, бо натиҷаи 2:0 ғалаба карданд. Футболбозони украинӣ ҳангомаеро, ки мухлисону коршиносони футбол аз онҳо интизор буданд, ба амал оварда натавонистанд. «Машина»-и олмониҳо (бозии дастаи мунтахаби Олмонро чунин тавсиф мекунанд)  тавре ҳаракат кард, ки дар ҷараёни он Шкодран Мустафи(19) ва Бастиан Швайнштайгер(90+2) ба задани гол мушарраф шуданд ва футболбозони Украинаро маҷбур карданд, ки ба бохт тан диҳанд.
Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Лаҳистон бар Ирландияи Шимолӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Дастаи мунтахаби Туркия ҳам дар бозии нахустинаш дар гурӯҳи «Д» аз тими мунтахаби Хорватия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Имрӯз дар гурӯҳи «Д» дастаи мунтахаби Испания бо Чехия, дар гурӯҳи «Е» Ирландия бо Шведсия ва Белгия бо Италия вориди майдон мешаванд.

Июнь 13, 2016 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад