Дастаи мунтахаби Русия оид ба футбол аз ҷониби FIFA муҷозот шуд
Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. FIFA баъди баррасии одоби мухлисони дастаи мунтахаби Русия дар ҷараёни вохӯрӣ байни дастаи футболи ин кишвар бо дастаи мунтахаби Англия дар бозии аввали гурӯҳи«В» дар шаҳри Марсели Фаронса қарори худро ба тасвиб расонд. Федератсияи футболи Русия ба маблағи 150 000 евро ҷарима баста шуда, дастаи мунтахаби он шартан то анҷоми мусобиқоти Евро -2016 ба маҳдудият гирифтор шуд. «Дар сурати такрор гардидани бетартибии мухлисони дастаи мунтахаби Русия футболбозони ин кишвар ба ҳаққи ҷазо аз мусобиқа ронда мешаванд»,-омадааст дар дастури FIFA.
Дастаи мунтахаби Англия агар ҷаримаи молӣ нашуда бошад ҳам, дар сурати ба бетартибиҳо даст задани мухлисонаш он низ аз мусобиқа ронда мешавад.
Тавре сомонаҳо хабар медиҳанд, аллакай шуморае аз мухлисони дастаи мунтахаби Русия аз ҷониби полис дастгир шудаанд ва аз бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо ронда хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки бозии байни дастаҳои мунтахаби Англия ва Русия бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид ва дар натиҷа байни мухлисони ин дастаҳо низою муноқиша бархоста буд.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






