Дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро дигар накард

Июнь 3, 2016 11:53

Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар  таснифоти нави Федератсияи ҷаҳонии футбол, ки зери унвони FIFA/Coca-Cola World Ranking ҳар моҳ гузаронида мешавад, Тоҷикистон бо 150 имтиёз мавқеи худро дар зинаи 164 нигоҳ дошт.
Тибқи ин омор дар садри ҷадвали ҷаҳонӣ низ тағйирот ба мушоҳида намерасад. Аргентина (1503) дар зинаи аввал, Белгия(1384) дар ҷои дуввум қарор доранд. Танҳо ба тими мунтахаби  Колумбия(1328) ва Олмон(1310)  муяссар шудааст, ки як зинагӣ ба боло баромада, мақоми сеюм ва чорумро ишғол кунанд.
Аз кишварҳои Осиё аз ҳама боло дастаи мунтахаби Эрон(688)  дар зинаи 38-уми ҷаҳонӣ меистад ва дар ҷои аввали раддабандии  дастаҳои қораи Осиё мавқеият дорад. Кореяи ҷанубӣ(603) дар ҷои 50 уми ҷаҳон ва дуввуми Осиё, Ҷопон(581)  дар зинаи 53 ҷаҳон ва сеюми ин қитъа қарор доранд.
Мавқеи кишварҳои ба мо ҳамсоя чунин аст:
Узбекистон (544 имтииёз) 66- ҷаҳон, 6- Осиё
Қирғизистон( 313 имтиёз)  111-ҷаҳон, 14- Осиё
Туркманистон(264 имтиёз) 134- ҷаҳон, 20- Осиё
Афғонистон (184 имтиёз)   156- ҷаҳон, 25- Осиё.
Дастаи мунтахаби Бангладеш, ки дирӯз тими мунтахаби Тоҷикистон онро бо ҳисоби 5 бар 0 шикаст дод, соҳиби 93 имтиёз буда, мақоми 181-ро  ба худ ихтисос додааст.

Июнь 3, 2016 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад