Дастгир гардидани ду нафар сокини шаҳри Сарбанд бо маводи нашъадор
Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 13 июни соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар марди 55 ва 58-солаи сокинони шаҳри Сарбандро бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 930 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






