Дастгир гардидани сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо маводи героин
Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн аз ҷониби кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 724 грамм маводи нашъадори навъи героин дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






