Давраи бозомӯзии маъмурони соҳаи варзиш дар шаҳри Хуҷанд

Июнь 14, 2016 08:39

Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 11-12 июн дар шаҳри Хуҷанд, дар маҷлисгоҳи Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд давраи бозомӯзии маъмурони соҳаи варзиш баргузор шуд.
Аз Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки давраи бозомӯзиро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ ташкил намуд. Ба давраи бозомӯзӣ сардори шуъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпӣ Маҳмуд Абдуллоев роҳбарӣ кард.
Дар машғулиятҳои назариявию амалӣ 25 нафар роҳбарону кормандон ва мураббиёни мактабҳои варзишии шаҳри Хуҷанд ва якчанд ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд.
Дар оғози давраи бозомӯзӣ Маҳмуд Абдуллоев ба ширкаткунандагони машғулиятҳо дар бораи аҳдофи баргузории давраи бозомӯзӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт:  «Давраи бозомӯзӣ, пеш аз ҳама, бо мақсади такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониши назариявии маъмурони соҳаи варзиши вилоят доир шудааст».
Баъдан мушовири президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов дар бораи таърихи ҳаракати олимпӣ, дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ, Бозиҳои осиёиву олимпӣ маърӯза кард ва шунавандагонро бо ҷараёни омодагии варзишгарони тоҷик ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шинос кард.
Вай гуфт: «Дар тӯли 56 соли ширкат дар Бозиҳои олимпӣ варзишгарони Тоҷикистон ҳамагӣ 9 медал (чор тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аввалин медалро ба Тоҷикистон Юрий Лобанов соли 1972 дар Олимпиадаи Мюнхен (Олмон) дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр дар ҳайати мунтахаби СССР овардааст. Вай инчунин дар Олимпиадаи соли 1980 дар Маскав (Русия) медали биринҷӣ гирифтааст. Ду медали тилло ба Анатолий Старостин мутааллиқ аст. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1980 дар Олимпиадаи Маскав дар панҷҳарбаи муосир ҳам дар ҳисоби шахсӣ ва ҳам дар ҳисоби дастаӣ бо медалҳои тилло сарфароз гашт, ки ин дастоварди бузургтарин дар таърихи варзиши тоҷик аст. Зебуннисо Рустамова дар риштаи камонварӣ соли 1976 дар Олимпиадаи Монреал (Канада) дар ҳайати мунтахаби СССР соҳиби медали биринҷӣ шудааст.
Андрей Абдувалиев дар намуди гурзандозӣ дар ҳайати мунтахаби ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) соли 1992 дар Олимпиадаи Барселона (Испания) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло мукофотонида шудааст.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз соли 1994 ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шудааст. Варзишгарони тоҷик дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ аз соли 1996 ширкат мекунанд. Нахустин медалро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Расул Боқиев овардааст. Вай дар ҳайати мунтахаби кишвар соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин (Чин) дар намуди дзюдо дар вазни то 73 кг барандаи медали биринҷӣ гардидааст. Дар ин Олимпиада намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар гӯштини озод дар вазни то 84 кг медали нуқра гирифтааст. Ниҳоят, Мавзуна Чориева дар бокси занона дар вазни то 60 кг соли 2012 дар Лондон (Англия) бо медали биринҷӣ сарфароз шудааст.
Дар айни ҳол варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Дар ҳоли ҳозир гурзандоз Дилшод Назаров, гӯштингирон Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов оид ба дзюдо ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 мушарраф шудаанд».
Дар охири машғулиятҳо ба ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ сертификатҳои Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин Рӯзи олимпӣ супорида шуд.
Инчунин ба ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ китоби «Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост», ки муаллифи он Нарзулло Латифов мебошад ва онро Кумитаи миллии олимпӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон нашр кардааст, тақдим шуд.

Июнь 14, 2016 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд