Даврон Атабоев ба Олимпиадаи Рио-2016 роҳхат гирифт

Июнь 24, 2016 15:47

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Даврон Атабоев, варзишгари тоҷик, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Вай дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон  Бишкек  доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри литсензияи олимпиро иҷро кунад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шавад.
Дар ин бора Рашид Саидов, муовини раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ба сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 24 июн хабар дод.
Ӯ афзуд: «Даврон Атабоеви 23-сола дар бисёр мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ба мисли аввалин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон соли 2010-ум дар Сингапур ва Бозиҳои XVII осиёӣ соли 2014-ум дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ шарафи варзиши Тоҷикистонро ҳимоя кардааст. Вай таҳти раҳбарии мураббиён Ӯлмас Олимов ва Галина Карамишева тамрин мекунад».
Ҳамин тариқ, то имрӯз панҷ варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудаанд.
Ёдовар мешавем, варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров аввалин шуда, аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои гурзандози тоҷик Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.
Баъдан ду паҳлавони тоҷик — Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов  дар риштаи дзюдо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳанд кард.
Инчунин Анвар Юнусов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки дар пойтахти Озарбойҷон  Боку ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Зимнан, Анвар барои севумин бор дар Бозиҳои олимпӣ  иштирок мекунад.
Анвар Юнусов муборизаро барои унвони қаҳрамони мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку  идома медиҳад. Ӯ дар даври нимниҳоӣ, ки бегоҳи ҷумъаи 24 июн баргузор мешавад, бо Ҷун Шан аз Чин рақобат мекунад. Сарфи назар аз натиҷаи қувваозмоии нимниҳоӣ муштзани пуртаҷрибаи тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гашт, зеро ки ӯ ҳадди ақал ҷойи севумро мегирад.
Бояд тазаккур дод, муштзанҳое, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон дар Боку дар вазнҳои аз 52 то 81 кило ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин финалистони вазни то 49 кило ва ғолибони вазнҳои 91 ва беш аз 91 кило роҳхатҳои олимпӣ ба даст меоранд.
Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев гуфт, ки ба кишвари мо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин дар риштаҳои тирандозӣ, гӯштини озод ва вазнбардорӣ низ ба Тоҷикистон ҷудо кардани квота дар назар аст.

Июнь 24, 2016 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт