«Дилро ба дил раҳест»-маҳфили фарҳангӣ дар Хабаровск
Душанбе, 04.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Вазорати фарҳанги кишвари Хабаровск дар шаҳри Хабаровск фестивал-озмуни «Дилро ба дил раҳест» баргузор гардид, ки дар он намояндагони тамоми халқияту миллатҳое, ки дар Хабаровск зиндагӣ мекунанд, фаъолона ширкат варзиданд.
Яке аз шартҳои озмун хондани суруду шеър ва намоиши театрикунонидашуда бо забони модарӣ буд, ки дар ин ҷода дастаи ҳунарии занонаю кӯдаконаи ҷамъияти тоҷикони Хабаровск бо сарварии раиси бонувони тоҷики ин кишвар Моҳтоб Хайруллоева фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷоизаи махсуси чорабинӣ гардиданд.
Дар озмун инчунин намоиши либоси миллии тоҷикона, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ва расму мусаввараҳое, ки инъикосгари манзараву мардумони зебои диёри офтобиву кӯҳҳои сар ба афлоки Тоҷикистон мебошанд, диққати ҳамагонро бештар ба худ ҷалб карданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо тақвияти дӯстии байни халқҳо, муҳаббату эҳтиром ба забону оинҳои миллии якдигар буда, завқи зебоипарастии насли наврасро бедор кардану дар замири онҳо бедор кардани ҳисси инсондӯстиву дасти якдигарро гирифтан, новобаста ба миллату нажод мебошад,-таъкид шуд дар поёни фестивал.
Садбарг Боқиева, Хабаровск








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






