Донишҳои бонувоне, ки дар захираи кадрианд, такмил дода мешаванд
Душанбе,20.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои занони лаёқатманде, ки дар захираи кадрии мақомоти марказии ҳокимияти давлатиянд, аз рӯи барномаи «Зан-роҳбар» оғоз гардид.
Такмили донишу малака ва маҳорати корбарии занони дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз ҳадафҳои асосии курси макур мебошад.
Машғулиятҳо тӯли як ҳафта идома ёфта, ба шунавандагон дар мавзӯъҳои имиҷи хизматчии давлатӣ: принсипҳои методологӣ ва хусусиятҳои ташаккул, сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо, мутобиқшавии равонию иҷтимоии ҳизматчии давлатӣ ба фаъолияти касбӣ, асосҳои ҳуқуқии баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши занон дар идораи давлат, имиҷи зан- роҳбар ва асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ мубоҳисаҳо гузаронида мешаванд.
Интизор меравад, ки дар анҷоми машғулиятҳо дар мавзӯи «Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа: ҳолат ва дурнамо» суҳбати «мизи мудаввар» доир гардад.
Дар анҷоми курси такмили ихтисос ба шунавандагон гувоҳнома ва шакли электронии машғулиятҳо супорида хоҳанд шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






