Духтарони футболбози тоҷик ба Осиё-2017 омодагӣ мегиранд
Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола маълум шуданд. Бар асоси қуръакашӣ тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи Б бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Узбекистон, Тайван, Ҳонконг ва Покистон майдондорӣ хоҳанд кард. Интизор аст, ки рақобатҳо дар гурӯҳи «Б» аз 29-уми октябри соли равон то 6-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шаванд. Футболбоздухтарони тоҷик нахустин дидори худро бо ҳарифони покистонӣ 29 октябр анҷом медиҳанд. Бозӣ бо тими Узбекистон 31-уми октябр сурат хоҳад гирифт. Дар даври сеюм, ки 2-юми ноябр дар назар аст, хубони футболбози тоҷик бо ҳамтоёни тайвании худ қувва меозмоянд. Дар охирин дидори гурӯҳӣ футболбоздухтарони мо 6 ноябр бо тими мунтахаби Ҳонконг майдондорӣ мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки мувофиқи тартиби муқаррарӣ дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим гардидаанд. Чор дастаи ғолиби гурӯҳҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2017 роҳхат мегирад ва ба чор дастаи беҳтарини мусобиқаи охирини қитъавӣ Ҷопон, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин ҳамроҳ мешаванд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 19-сола ҳамагӣ ҳашт даста ширкат меварзад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






