Душанбе ва Тел-Авив ҳамкориро тақвият мебахшанд
Душанбе, 02.06.2016/АМИТ «Ховар»/. «Мо омодаи идома ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Исроил ҳастем»,- гуфт дар мулоқоташ Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон бо Шаррен Ҳаскел, Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Исроилу Тоҷикистон, ки бо як ҳайати Кнессетаи ин кишвар дар Тоҷикистон қарор дорад.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ба густариши муносиботи дуҷониба бо Исроил дар заминаҳои гуногун манфиатдор аст.
Ш. Зуҳуров афзуд, ки муносиботи дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Исроил ҳанӯз 24 сол муқаддам барқарор гардид, вале то кунун пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Танҳо Ёддошти тафоҳум оид ба баргузор намудани машваратҳои дуҷониба байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Исроил дар натиҷаи нишасти якуми ҷонибҳо 27 феврали 2013 дар Душанбе ба имзо расид.
Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Исроил омода ва ба тасвиб расонидани санадҳои ҳуқуқӣ аз ҷумла, Созишнома дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобили сармоягузорӣ, Созишнома дар бораи канораҷӯӣ аз андозбандии ду карата ва саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад, Созишнома дар соҳаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, маориф ва илм зарурат дорад. Ба имзо расонидани ин санадҳо барои таъсиси комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ байни ду кишвар ва дар доираи фаъолияти он омода намудани созишномаҳои соҳавӣ замина фароҳам меорад.
Ҳамзамон мусоҳибон дар радифи тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории судманд дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ, туризм, обёрӣ, илму фарҳанг, ба роҳ мондани бозомӯзӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисони тоҷик дар доираи Барномаи МАШАВ-ро /Агентии рушди ҳамкории байналмилалӣ/ баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот инчунин авзои ҷаҳон ва минтақа, хусусан Афғонистон, ба роҳ мондани мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб ва дигар таҳдидҳои замони муосир матраҳ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






