Душанбе ва Тел-Авив ҳамкориро тақвият мебахшанд

Июнь 2, 2016 15:45

Душанбе, 02.06.2016/АМИТ «Ховар»/. «Мо омодаи идома ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Исроил ҳастем»,- гуфт дар мулоқоташ Шукурҷон  Зуҳуров, Раиси Маҷлиси  намояндагон бо Шаррен Ҳаскел, Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Исроилу Тоҷикистон, ки бо як ҳайати Кнессетаи ин кишвар дар Тоҷикистон қарор дорад.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ба густариши муносиботи дуҷониба бо  Исроил дар заминаҳои гуногун манфиатдор аст.
Ш. Зуҳуров афзуд, ки муносиботи дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Исроил ҳанӯз 24 сол муқаддам  барқарор гардид, вале то кунун пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Танҳо Ёддошти тафоҳум оид ба баргузор намудани машваратҳои дуҷониба байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Исроил дар натиҷаи нишасти якуми ҷонибҳо 27 феврали 2013 дар Душанбе ба имзо расид.
Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Исроил омода ва ба тасвиб расонидани санадҳои ҳуқуқӣ аз ҷумла, Созишнома дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобили сармоягузорӣ, Созишнома дар бораи канораҷӯӣ аз андозбандии ду карата ва саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад, Созишнома дар соҳаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, маориф ва илм зарурат дорад. Ба имзо расонидани  ин санадҳо барои таъсиси комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ байни ду кишвар  ва дар доираи  фаъолияти он омода намудани созишномаҳои соҳавӣ замина фароҳам меорад.
Ҳамзамон мусоҳибон дар радифи тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба тақвияти  ҳамкории судманд дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ, туризм,  обёрӣ, илму фарҳанг,  ба роҳ мондани бозомӯзӣ ва табодули  таҷрибаи мутахассисони тоҷик дар доираи Барномаи МАШАВ-ро  /Агентии рушди ҳамкории байналмилалӣ/ баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот инчунин авзои ҷаҳон ва минтақа, хусусан Афғонистон,  ба роҳ мондани мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб ва дигар таҳдидҳои замони муосир матраҳ гардиданд.

Июнь 2, 2016 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид