Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт

Июнь 23, 2016 11:31

Хоруғ 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи ВМКБ  бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода- мунодии сулҳу ваҳдат» баргузор гардид. Дар конфронс роҳбарону омӯзгорони мактабҳо ва мутахассисони соҳаи маорифи вилоят ширкат варзиданд.
Директори маркази вилоятии  муассисаи давлатии таҳсилоти иловагӣ Шоҳзода Саидиброҳимов  нақши осори Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро дар равобити дӯстонаи мардумони Машриқзамин басо арҷманд унвон карда, изҳор намуд, ки ҳар як сатру ҳар мисраи ин шоири шаҳири кишвар одамони кулли сайёраро ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард. Шоир дар ашъори худ таъкид медошт, ки «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт, Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт».
Шояд насли он замон ба моҳияти ин мисраъҳо чандон сарфаҳм намерафт, аммо ин шоири рӯзгордида, ки даврони кӯдакии   худро бо сахтию ранҷи бешумор паси сар кардааст, аз дигарон дида, қадру қимати фазои амонию осудагиро бештар эҳсос мекард. Номбурда аз омӯзгорони фанҳои  мухталиф  хоҳиш намуд, ки ҳангоми баргузории дарсҳои асосӣ ва иловагӣ аз ашъори ин шоири шинохтаи Машриқзамин пайваста истифода баранд.
Ширкаткунандагони конфронс оид ба паҳлуҳои дигари  шеърҳои дар васфи ваҳдату дӯстӣ эҷоднамудаи шоир мубодилаи афкор намуданд.

Июнь 23, 2016 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст