Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт
Хоруғ 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи ВМКБ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода- мунодии сулҳу ваҳдат» баргузор гардид. Дар конфронс роҳбарону омӯзгорони мактабҳо ва мутахассисони соҳаи маорифи вилоят ширкат варзиданд.
Директори маркази вилоятии муассисаи давлатии таҳсилоти иловагӣ Шоҳзода Саидиброҳимов нақши осори Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро дар равобити дӯстонаи мардумони Машриқзамин басо арҷманд унвон карда, изҳор намуд, ки ҳар як сатру ҳар мисраи ин шоири шаҳири кишвар одамони кулли сайёраро ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард. Шоир дар ашъори худ таъкид медошт, ки «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт, Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт».
Шояд насли он замон ба моҳияти ин мисраъҳо чандон сарфаҳм намерафт, аммо ин шоири рӯзгордида, ки даврони кӯдакии худро бо сахтию ранҷи бешумор паси сар кардааст, аз дигарон дида, қадру қимати фазои амонию осудагиро бештар эҳсос мекард. Номбурда аз омӯзгорони фанҳои мухталиф хоҳиш намуд, ки ҳангоми баргузории дарсҳои асосӣ ва иловагӣ аз ашъори ин шоири шинохтаи Машриқзамин пайваста истифода баранд.
Ширкаткунандагони конфронс оид ба паҳлуҳои дигари шеърҳои дар васфи ваҳдату дӯстӣ эҷоднамудаи шоир мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






