Файзобод: Ба ивази ҷон ҳам бошад, сулҳу пойдории ватанамонро бояд ҳифз кунем

Июнь 25, 2016 10:56

Файзобод, 25.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ роҳбарияти ноҳияи Файзобод бо 99 нафар донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил доранд, вохӯрии судманд баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти ноҳия аз мушкилоту муваффақиятҳои донишҷӯён огоҳ гардида, барои ислоҳи мушкилоти ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.
Ҷавонон дар навбати худ барои кумакҳои мунтазами роҳбарияти ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки таҳсилотро дар донишгоҳҳу донишкадаҳо бо баҳои хубу аъло идома дода, барои ободию шукуфоии кишвар саҳми худро хоҳанд гузошт.
Раиси Суди ноҳияи Файзобод Саидҷон Раҷабов дар маърӯзааш изҳор намуд, ки: «Халқи тоҷикро дар солҳои 1992-1993 манфиатдорони хориҷӣ гумроҳ карда, ба ҷанги бародаркушӣ оварда расониданд. Хушбахтона, тафаккури азалии миллати тоҷик ғалаба кард. Бо шарофати Пешвои миллати тоҷикон, роҳбари хирадмандамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо боз ба ҳам омадем, сарҷамъ шудему сулҳу амнияти кишварро аз нав бунёд кардем. Мо халқи тоҷик хусусан ҷавонони бо нангу номуси кишвар бояд ба ивази ҷон ҳам бошад, сулҳу пойдории ватанамонро ҳифз кунем ва оромию осудагии ватанамонро муқаддас донему ҳифзаш намоем».

Июнь 25, 2016 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад