Файзобод: Чаро пули одамгузари ҷамоати деҳоти ба номи Д. Алиев пас аз сар задани офати табиӣ дубора барқарор нагардид?
Файзобод, 9.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 12 майи соли равон дар натиҷаи бориши зиёди борон ва омадани сел дар дарёчаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти ноҳияи Файзобод ва дарёи Элок ба хоҷагии мардуми ноҳия зарари зиёди молӣ расид. Ҳамчунин дарёчаи Оби лояк як пули одамгузари назди муассисаи таҳсилоти умумии №20- и ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиевро хароб кард, ки қариб як моҳ мешавад масъулини ҷамоати деҳоти ба номи Д. Алиев дар ин маврид беаҳамиятӣ зоҳир намуда, ин пули одамгузарро, ки барои он маблағи зиёде ҳам сарф намешавад, барқарор намекунанд.
Пули мазкур деҳаи Сари чашма ва варзишгоҳи хонандагонро бо муассисаи таҳсилоти умумии №20 ва деҳаи Ҷонварсӯз пайваст мекунад. Аз сабаби сари вақт барқарор накардани пул то ин муддат зиёда аз 500 нафар хонандагони аз синфи 1 то 11 бо пиёдароҳи аз санг тайёр кардашуда ба дарсу имтиҳонсупорӣ мераванд.
Ба андешаи баъзе падару модарон, роҳбарияти ҷамоати деҳоти ба номи Д. Алиев, ки вазифадоранд ин мушкилии хонандагонро хал намоянд, бо сабаби ҷамъбаст гардидани соли хониш ва аз назари роҳбарияти ноҳия дур ҷойгир будани пули мазкур беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба наврасону ҷавонон ғамхорӣ зоҳир намуда, барои хониши хуби онҳо шароит фароҳам меорад ва барои дастгирӣ намудани хонандагону муҳайё намудани шароити хуб барои онҳо ба роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳо медиҳад.
Саволе ба миён меояд, ки чаро супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт иҷро нашуд? Чаро роҳбарони ҷамоати деҳоти ба номи Д. Алиеви ноҳияи Файзобод нисбат ба тақдири наврасону ҷавонон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?
Аз ин хотир умед дорем, ки дар кӯтоҳтарин муддат бо ташаббуси раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ ин мушкилии хонандагон бартараф мешавад ва барои хонандагони муассисаи мазкур на танҳо пули одамгузар, балки пули мошингузари замонавӣ ҳадя мешавад.











«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






