Фаъолияти анҷомдодаи намояндагии КБСС дар Тоҷикистон

Июнь 11, 2016 10:15

Душанбе, 11.06.2016/АМИТ «Ховар»/. «Кумитаи  байналмилалии Салиби Сурх /КБСС/ созмони беғараз, бетараф ва  мустақил аст, ки фаъолиятҳои башардӯстонаи  он ҳимоят аз ҳаёту каромати қурбониёни даргириҳои мусаллаҳона,  шароити хушунатомез ва имдодрасонӣ ба онҳост»,- гуфт зимни баргузории маъракаи «Рӯзи  дарҳои кушода» роҳбари намояндагии КБСС  дар Тоҷикистон Андре Пакэ, ки  бо иштироки шарикони ҳамкори  КБСС аз кумитаю идораҳои марбутаи кишвар дар Душанбе доир гардид.
Роҳбари  намояндагии КБСС доир ба фаъолияти намояндагии ин ниҳод дар Тоҷикистон гузориш дода, зикр кард, ки  алҳол КБСС  барномаҳои худро дар асоси салоҳият  ва авлавиятҳои аслии  башардӯстона дар ҳамкорӣ  бо Ҷамъияти Ҳилоли  Аҳмари Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ  бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, амалӣ мегардонад.
Ҳалли мушкилоти башардӯстона, кумакрасонӣ ба хонаводаҳои қурбониёни  мина ва фавтидагон дар шароити  хушунатомез, мусоидат ба сохторҳои тиббӣ, кумак ба  шахсони имконияташон маҳдуд дар самти  мутобиқат ба  зиндагӣ, барқарории робита байни маҳбусон  ва хонаводаҳояшон, паҳн намудани ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва дигар меъёрҳои башардӯстона аз барномаҳои анҷомдодаи намояндагии КБСС дар кишварамон мебошанд.  Зикр гардид, ки  аз оғози  барномаи кумакрасонӣ ба хонаводаҳои қурбониёни  мина ва фавтидагон дар шароити  хушунатомез беш аз 600 тарҳ дар бахшҳои  кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорат бомуваффақият амал менамоянд. Инчунин 50 хонаводаи осебпазир аз кумакҳои ин ниҳод барои таъмири манзил,  ироаи маҳсулоти ғизоӣ ва  кумаки тиббӣ бархурдор гардиданд.
Инчунин намояндагии КБСС дар доираи барномаи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /ҶҲАТ/ беш аз 28 бахши ноҳиявии ҶҲАТ-ро омӯзиш дода, бо таҷҳизот таъмин намуд.
Дар доираи баргузории чорабинии «Рӯзи дарҳои боз» иштирокдорони чорабинӣ бо фаъолияти намояндагии КБСС дар Душанбе шинос гардиданд.
Бояд зикр кард, ки намояндагии КБСС аз соли  1992 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият менамояд. КБСС соли 1863 таъсис дода шуда, рисолаташ ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми кишварҳои гуногуни ҷаҳон аст.

Июнь 11, 2016 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар