Фаронса: аввалин дастаи мунтахабе, ки ба бозиҳои минбаъдаи Чемпионати Аврупо пеш аз муҳлат роҳхат гирифт
Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мнутахаби Фаронса аз гурӯҳи «А»-и бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо шоми дирӯз бо дастаи мунтахаби Албания вохӯрда, бо натиҷаи 2:0 зафар ёфт ва аввалин шуда, ба марҳалаи мибаъдаи бозиҳо роҳ ёфт. Барои ба пирӯзӣ комёб шудан футболбозони дастаи мунтахаби Фаронса дар муқобили дастае, ки бори аввал ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифтааст-дастаи мунтахаби Албания ба душворӣ рӯ ба рӯ шуданд. Танҳо баъди он, ки сармураббӣ Дидйе Дешам Гризман, Погба ва Жинякро ба бозӣ ворид кард, футболбозони фаронсавӣ тавонистанд дар дақиқаи 90 ҳисобро бо голи задаи Гризман боз кунанд. Тӯби дуввумро Димитри Пайе(90+6) ба нишон расонд. Ин голи дуввуми ин ҳамлагар дар ду бозии дастаи мунтахаби Фаронса мебошад.
Вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Швейтсария ва Руминия бо натиҷаи сулҳомези 1:1 поён ёфт.
Барои роҳхати дуввум дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Швейтсария ва Руминия имкониятро аз даст надодаанд ва дар бозии охирин Швейтсария бо Фаронса ва Руминия бо Албания вориди сабқат мешаванд.
| N | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | ФАРОНСА | 2 | 2 | 0 | 0 | 4-1 | 6 |
| 2 | ШВЕЙТСАРИЯ | 2 | 1 | 1 | 0 | 2-1 | 4 |
| 3 | РУМиНИЯ | 2 | 0 | 1 | 1 | 2-3 | 1 |
| 4 | АЛБАНИЯ | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-3 | 0 |








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






